ISLOM.NETВа ононро аз он гуна пешвоёне сохтем, ки мардумро ба оташ даъват мекунанд ва дар рӯзи қиёмат касе ёриашон накунад.
Read, listen and understand
The Uthmani text with translation, study notes and ayah-by-ayah recitation – your place is remembered on every device.
Al-Qasas · The Stories
ISLOM.NETДар ин дунё аз паяшон лаънат равона сохтем ва дар рӯзи қиёмат аз зиштрӯёнанд.
ISLOM.NETПас аз он, ки мардуми рӯзгори пешинро ҳалок сохтем, ба Мӯсо китоб додем, то мардумро ибрату ҳидоят ва раҳмат бошад. Шояд панд гиранд.
ISLOM.NETОн гоҳ ки ба Мӯсо фармони амри пайғамбариро ваҳй кардем, ту на дар ҷониби ғарбии Тур будӣ ва на аз ҳозирон.
ISLOM.NETВале Мо аз он пас наслҳоеро биёфаридем, ки умрашон ба дароз кашид. Ва ту дар миёни мардуми Мадян муқим набудӣ, ки оёти Моро бар онҳо бихонӣ. Вале Мо будем, ки паёмбароне мефиристодем.
ISLOM.NETТу дар канори Тур набудӣ, он гоҳ ки Мӯсоро нидо кардем. Вале ин раҳматест аз ҷониби Парвардигорат то мардумеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае надоштанд, бим диҳй. Бошад, ки пандпазир шаванд.
ISLOM.NETТо чун ба сабаби амалҳое, ки кардаанд, мусибате ба онҳо расад, нагӯянд: «Эй Парвардигори мо, чаро паёмбаре бар мо нафиристодӣ, то аз оёти Ту пайравӣ кунем ва аз мӯъминон бошем?»
ISLOM.NETЧун паёмбари ростгӯй аз ҷониби Мо бар онон фиристода шуд, гуфтанд: «Чаро он чӣ ба Мӯсо дода шуда, ба ӯ дода нашуда?» Оё инҳо пеш аз ин ба он чӣ ба Мӯсо дода шуда буд, кофир нашуда буданд? Ва гуфтанд, ки ин ҳар ду, ду ҷодуст монанди ҳам ва мо ба ҳеҷ як имон намеоварем.
ISLOM.NETБигӯ: «Агар рост мегӯед, аз ҷониби Худованд китобе биёваред, ки аз ин ду беҳтар роҳ бинамояд, то ман ҳам аз он пайравӣ кунам!»
ISLOM.NETПас агар иҷобатат накарданд, бидон, ки аз паи ҳавои нафси худ мераванд ва кист гумроҳтар аз он кас, ки бе он, ки роҳнамоӣ аз Худо хоҳад, аз паи ҳавои нафси худ равад? Зеро Худо мардуми золимро ҳидоят намекунад.
ISLOM.NETБарояшон сухан дар сухан пайвастем, бошад, ки пандпазир гарданд.
ISLOM.NETКасоне, ки пеш аз ин китоб китобашон дода будем, ба он имон меоваранд.
ISLOM.NETВа чун бар онон тиловат шуд, гуфтанд: «Ба он имон овардем, Ҳаққест аз ҷониби Парвардигори мо ва мо пеш аз он таслим будаем».
ISLOM.NETИнон ба сабаби сабре, ки кардаанд, ду бор подош дода шаванд. Инон бадиро ба некӣ дур мекунанд ва низ аз он чӣ рӯзияшон додаем, садақа мекунанд.
ISLOM.NETВа чун сухани беҳудае бишнаванд, аз он рӯйгардонӣ кунанд ва гӯянд: «Кирдорҳои мо аз они мо ва кирдорҳои шумо аз они шумо. Ба саломат бимонед. Мо хостори ҷоҳилон нестем!»
ISLOM.NETТу ҳар касро, ки бихоҳӣ, ҳидоят намекунӣ. Худост, ки ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯ ҳидоятёфтагонро беҳтар мешиносад.
ISLOM.NETГуфтанд: «Агар аз дини ту пайравӣ кунем, моро аз сарзаминамон бармекананд». Оё онҳоро дар ҳараме амн ҷой на додаем, ки ҳама гуна меваҳо дар он фароҳам мешавад ва ин ризқест аз ҷониби Мо? Вале бештаринашон намедонанд.
ISLOM.NETЧӣ басо мардуми деҳаеро ҳалок сохтем, ки аз зиндагии худ дучори сармастӣ шуда буданд ва ин хонаҳои онҳост, ки баъд аз онҳо андак замоне кас дар онҳо сукно (маскан) гирифт ва Мо вориси онҳо будем.
ISLOM.NETПарвардигори ту мардуми деҳаҳоро ҳалок накард, то он гоҳ, ки аз худашон паёмбаре бар онҳо фиристод ва ӯ оёти Моро бар онҳо бихонд. Ва мо деҳаҳоро нобуд кардаем, ба сабаби он, ки мардумаш ситамкор будаанд.
ISLOM.NETЧизҳое, ки ба шумо дода шудааст, матоъест ва ороиши ин зиндагии дунявист. Ҳол он ки он чӣ назди Худост, беҳтару монданитар аст. Чаро ақлатонро кор намефармоед?
ISLOM.NETОё он кас, ки ӯро ваъдаҳои нек додаем ва он ваъдаҳоро хоҳад дид, монанди касест, ки ӯро аз матоъи инҷаҳонӣ баҳраманд кардаем ва дар рӯзи қиёмат ҳам аз ҳозир карда шудагон аст?
ISLOM.NETВа рӯзе, ки ононро нидо медиҳад ва мегӯяд: «Шариконеро, ки барои Ман мепиндоштаед, куҷоянд?»
ISLOM.NETОнон, ки ҳукм дар бораашон таҳқиқ шуда мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, инҳо касоне, ҳастанд, ки мо гумроҳашон кардем. Аз он рӯ гумроҳашон кардем, ки худ гумроҳ будем. Аз онҳо безорӣ меҷӯем ва ба ту мегаравем. Инҳо моро намепарастидаанд».
ISLOM.NETВа гуфта шавад: «Акнун бутонатонро фарёд кунед». Фарёд мекунанд, вале ба онҳо ҷавоб намедиҳанд. Ва чун, азобро бубинанд, орзу кунанд, ки кош аз ҳидоятёфтагон мебуданд.
ISLOM.NETВа рӯзе, ки Худо нидояшон кунад ва гӯяд: «Паёмбаронро чӣ гуна қабул кардед?»
ISLOM.NETДар ин рӯз хабарҳо бар онон пӯшида шавад ва аз якдигар низ натавонанд пурсид.
ISLOM.NETАммо он кас, ки тавба карда ва имон оварда ва амали солеҳ ба ҷой оварда, шояд, ки аз наҷотёфтагон бошад.
ISLOM.NETПарвардигори ту ҳар чиро, ки бихоҳад, меофаринад ва меихтиёрад. Вале онҳоро тавони ихтиёр нест. Пок аст Худо ва аз ҳар чӣ барояш шарик месозанд ва бартар аст.
ISLOM.NETВа Парвардигори ту ҳар чиро, ки дар дил пинҳон доштаанд, ё ошкор кардаанд, медонад.
ISLOM.NETӮст Худои якто. Ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Сано (шукр) хоси Ӯст, чӣ дар ин ҷаҳон ва чӣ дар ҷаҳони дигар. Ва фармон фармони Ӯст. Ва ҳамагон ба Ӯ бозгардонда мешавед.
ISLOM.NETБигӯ: «Чӣ тасаввур мекунед, агар Оллоҳ шабатонро то рӯзи қиёмат тӯлонӣ созад? Ғайри Ӯ кадом худост, ки шуморо равшанӣ медиҳад? Магар намешунавед?»
ISLOM.NETБигӯ: «Чӣ тасаввур мекунед, агар Оллоҳ рӯзатонро то рӯзи қиёмат тулонӣ созад? Ғайри Ӯ кадом худост, ки шуморо шаб медиҳад, ки дар он биёсоед? Магар намебинед?
ISLOM.NETВа аз раҳмати Ӯ он кӣ барои шумо шабу рӯзро падид овард, то дар он як биёсоед ва дар ин як ба талаби рӯзи бархезед, бошад, ки шукр гӯед».
ISLOM.NETВа рӯзе, ки Худо нидояшон кунад ва гӯяд: «Шариконе, ки барои Ман тасаввур мекардед, куҷоянд?
ISLOM.NETВа аз ҳар миллате шоҳиде биёварем ва гӯем: «Далели худ биёваред. Он гоҳ бидонанд, ки ҳақ аз они Оллоҳ аст ва он бутон, ки ба дурӯғ худо мехонданд нобуд шаванд».
ISLOM.NETҚорун аз қавми Мӯсо буд, ки бар онҳо афзунӣ ҷуст. Ва ба ӯ чунон ганҷҳое додем, ки бардоштани калидҳояш бар гурӯҳе аз мардуми нерӯманд душвор менамуд. Он гоҳ, ки қавмаш ба ӯ гуфтанд: «Сармаст мабош, зеро Худо сармастонро дӯст надорад.
ISLOM.NETДар он чи Худоят ато кардааст, ҷаҳони охиратро биҷӯй ва насиби худро аз дунё фаромӯш макун. Ва ҳамчунон ки Худо ба ту некӣ карда, некӣ кун ва дар замин аз паи фасод марав, ки Худо фасодкунандагонро дуст надорад!»
ISLOM.NETГуфт: «Он чӣ ба ман дода шуда, ба сабаби дониши ман будааст». Оё надонистааст, ки Худо пеш аз ӯ наслҳоеро ҳалок карда, ки қувваташон аз ӯ афзунтар ва шуморашон бештар будааст? Ва ин гунаҳкоронро аз гуноҳашон намепурсанд.
ISLOM.NETОроста ба зеварҳои худ ба миёни мардумаш омад. Онон, ки хостори зиндагии дунявӣ буданд, гуфтанд: «Эй кош, он чӣ ба Қорун дода шуда, моро низ мебуд, ки ӯ соҳиби насиби бузург аст».
ISLOM.NETАммо донишёфтагон гуфтанд: «Вой бар шумо. Барои онҳо, ки имон меоваранд ва корҳои шоиста мекунанд, савоби Худо беҳтар аст. Ва ба ин савоб собирон расанд».
Your reading
Sign in to keep your place on every device, count your daily ayahs and follow a khatam plan.
Sign inFriday reminder
Related surahs
Short, often-recited surahs that pair well with your Friday reading.


Everything a reader needs
Tools that stay out of the way until you need them.
Quran text: Tanzil Quran Text (Uthmani), tanzil.net – CC BY 3.0, unchanged. Translation: Қуръон, ISLOM.NET – tanzil.net.
