Skip to content
28 Jumada al-Ula 1448 AH · Monday, 9 November 2026 Душанбе, Душанбе · next Maghrib at 17:17 EnglishالعربيةТоҷикӣ

Juz 1

HomeQuran
The Noble Quran

Read, listen and understand

The Uthmani text with translation, study notes and ayah-by-ayah recitation – your place is remembered on every device.

الجزء ١

Juz 1

148 ayahs Al-Fatihah 1 → Al-Baqarah 141 Pages 1–21
Translation
Second
Madd (maddah sign)Ghunnah (doubled noon / meem)Qalqalah
74
Now playing ·
ثُمَّ قَسَتْ قُلُوبُكُم مِّنۢ بَعْدِ ذَٰلِكَ فَهِىَ كَٱلْحِجَارَةِ أَوْ أَشَدُّ قَسْوَةً ۚ وَإِنَّ مِنَ ٱلْحِجَارَةِ لَمَا يَتَفَجَّرُ مِنْهُ ٱلْأَنْهَـٰرُ ۚ وَإِنَّ مِنْهَا لَمَا يَشَّقَّقُ فَيَخْرُجُ مِنْهُ ٱلْمَآءُ ۚ وَإِنَّ مِنْهَا لَمَا يَهْبِطُ مِنْ خَشْيَةِ ٱللَّهِ ۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَـٰفِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ ﴿٧٤﴾

ISLOM.NETПас аз он дилҳои шумо чун санг сахт гардид, ҳатто сахттар аз санг, ки аз санг гоҳ ҷӯйҳо равон шаванд ва чун шикофта шавад, об аз он берун ҷаҳад ва гоҳ аз тарси Худо аз боло ба нишеб фурӯ ғалтад ва Худо аз он чӣ мекунед, ғофил нест!

75
Now playing ·
۞ أَفَتَطْمَعُونَ أَن يُؤْمِنُوا۟ لَكُمْ وَقَدْ كَانَ فَرِيقٌ مِّنْهُمْ يَسْمَعُونَ كَلَـٰمَ ٱللَّهِ ثُمَّ يُحَرِّفُونَهُۥ مِنۢ بَعْدِ مَا عَقَلُوهُ وَهُمْ يَعْلَمُونَ ﴿٧٥﴾

ISLOM.NETОё тамаъ медоред, ки ба шумо имон биёваранд ва ҳол он ки гурӯҳе аз онҳо каломи Худоро мешуниданд ва бо он ки ҳақиқати онро меёфтанд, тағйираш мекарданд ва аз кори хеш огоҳ буданд?

76
Now playing ·
وَإِذَا لَقُوا۟ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ قَالُوٓا۟ ءَامَنَّا وَإِذَا خَلَا بَعْضُهُمْ إِلَىٰ بَعْضٍ قَالُوٓا۟ أَتُحَدِّثُونَهُم بِمَا فَتَحَ ٱللَّهُ عَلَيْكُمْ لِيُحَآجُّوكُم بِهِۦ عِندَ رَبِّكُمْ ۚ أَفَلَا تَعْقِلُونَ ﴿٧٦﴾

ISLOM.NETВа чун бо мӯъминон дидор кунанд, гӯянд: «Мо ҳам имон овардем». Ва чун бо якдигар хилват кунанд, гӯянд: «Оё бо онон аз донише, ки Худо ба шумо арзонӣ дошта сухан мегӯед, то ба ёрии он дар назди Парвардигоратон бар шумо ҳуҷҷат оранд? Оё ба ақл дарнамеёбед?».

77
Now playing ·
أَوَلَا يَعْلَمُونَ أَنَّ ٱللَّهَ يَعْلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعْلِنُونَ ﴿٧٧﴾

ISLOM.NETОё намедонанд, ки ҳар чиро, ки пинҳон медоранд ва ҳар чиро, ки ошкор месозанд, Худо медонад?

78
Now playing ·
وَمِنْهُمْ أُمِّيُّونَ لَا يَعْلَمُونَ ٱلْكِتَـٰبَ إِلَّآ أَمَانِىَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَظُنُّونَ ﴿٧٨﴾

ISLOM.NETБаъзе аз онҳо бесаводоне ҳастанд, ки намедонанд дар китоб чист, ҷуз орзуҳои дурӯғ, ки шунидаанд. Инҳо танҳо пойбанди гумони худанд.

79
Now playing ·
فَوَيْلٌ لِّلَّذِينَ يَكْتُبُونَ ٱلْكِتَـٰبَ بِأَيْدِيهِمْ ثُمَّ يَقُولُونَ هَـٰذَا مِنْ عِندِ ٱللَّهِ لِيَشْتَرُوا۟ بِهِۦ ثَمَنًا قَلِيلًا ۖ فَوَيْلٌ لَّهُم مِّمَّا كَتَبَتْ أَيْدِيهِمْ وَوَيْلٌ لَّهُم مِّمَّا يَكْسِبُونَ ﴿٧٩﴾

ISLOM.NETПас вой бар онҳое, ки китобро худ ба дасти худ менависанд ва то суде андак баранд, мегӯянд, ки аз ҷониби Худо нозил шуда. Пас вой бар онҳо аз он чӣ навиштанд ва вой бар онҳо аз суде, ки мебаранд!

80
Now playing ·
وَقَالُوا۟ لَن تَمَسَّنَا ٱلنَّارُ إِلَّآ أَيَّامًا مَّعْدُودَةً ۚ قُلْ أَتَّخَذْتُمْ عِندَ ٱللَّهِ عَهْدًا فَلَن يُخْلِفَ ٱللَّهُ عَهْدَهُۥٓ ۖ أَمْ تَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ مَا لَا تَعْلَمُونَ ﴿٨٠﴾

ISLOM.NETВа гуфтанд: «Оташ ҷуз чанд рӯзе Моро насӯзонад». Бигӯ: «Оё бо Худо чунин паймоне бастаед, то ӯ хилофи паймони худ накунад? Ё он ки аз рӯи нодонӣ чунин нисбате ба Худо медиҳед?».

81
Now playing ·
بَلَىٰ مَن كَسَبَ سَيِّئَةً وَأَحَـٰطَتْ بِهِۦ خَطِيٓـَٔتُهُۥ فَأُو۟لَـٰٓئِكَ أَصْحَـٰبُ ٱلنَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَـٰلِدُونَ ﴿٨١﴾

ISLOM.NETОре, Онон, ки муртакиби кори зишт шуданд ва гуноҳашон гирд бар гирдашон бигирифт, аҳли ҷаҳаннаманд ва ҷовидона дар он монанд.

82
Now playing ·
وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّـٰلِحَـٰتِ أُو۟لَـٰٓئِكَ أَصْحَـٰبُ ٱلْجَنَّةِ ۖ هُمْ فِيهَا خَـٰلِدُونَ ﴿٨٢﴾

ISLOM.NETВа онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд.

83
Now playing ·
وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَـٰقَ بَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ لَا تَعْبُدُونَ إِلَّا ٱللَّهَ وَبِٱلْوَٰلِدَيْنِ إِحْسَانًا وَذِى ٱلْقُرْبَىٰ وَٱلْيَتَـٰمَىٰ وَٱلْمَسَـٰكِينِ وَقُولُوا۟ لِلنَّاسِ حُسْنًا وَأَقِيمُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُوا۟ ٱلزَّكَوٰةَ ثُمَّ تَوَلَّيْتُمْ إِلَّا قَلِيلًا مِّنكُمْ وَأَنتُم مُّعْرِضُونَ ﴿٨٣﴾

ISLOM.NETБа ёд оред он ҳангомро, ки аз банӣ-Исроил паймон гирифтем, ки ғайри Худоро напарастед ва ба падару модару хешовандон ва ятимону дарвешон некӣ кунед ва ба мардумон сухани нек гӯед ва намоз бихонед ва закот бидиҳед! Вале ҷуз андаке аз шумо пушт кардед ва шумоед рӯйгардондагон.

84
Now playing ·
وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَـٰقَكُمْ لَا تَسْفِكُونَ دِمَآءَكُمْ وَلَا تُخْرِجُونَ أَنفُسَكُم مِّن دِيَـٰرِكُمْ ثُمَّ أَقْرَرْتُمْ وَأَنتُمْ تَشْهَدُونَ ﴿٨٤﴾

ISLOM.NETВа он ҳангомро, ки бо шумо паймон ниҳодем, ки хуни ҳам нарезед ва якдигарро аз хонумон овора масозед ва шумо ба паймон гардан ниҳодед ва худ бар он гувоҳ ҳастед.

85
Now playing ·
ثُمَّ أَنتُمْ هَـٰٓؤُلَآءِ تَقْتُلُونَ أَنفُسَكُمْ وَتُخْرِجُونَ فَرِيقًا مِّنكُم مِّن دِيَـٰرِهِمْ تَظَـٰهَرُونَ عَلَيْهِم بِٱلْإِثْمِ وَٱلْعُدْوَٰنِ وَإِن يَأْتُوكُمْ أُسَـٰرَىٰ تُفَـٰدُوهُمْ وَهُوَ مُحَرَّمٌ عَلَيْكُمْ إِخْرَاجُهُمْ ۚ أَفَتُؤْمِنُونَ بِبَعْضِ ٱلْكِتَـٰبِ وَتَكْفُرُونَ بِبَعْضٍ ۚ فَمَا جَزَآءُ مَن يَفْعَلُ ذَٰلِكَ مِنكُمْ إِلَّا خِزْىٌ فِى ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا ۖ وَيَوْمَ ٱلْقِيَـٰمَةِ يُرَدُّونَ إِلَىٰٓ أَشَدِّ ٱلْعَذَابِ ۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَـٰفِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ ﴿٨٥﴾

ISLOM.NETПас шумо чунин ҷамоъате ҳастед, ки якдигарро мекушед ва гурӯҳе аз худро аз хонумонашон овора мекунед ва бар зидди онҳо ба гуноҳ ва бедод ба ҳамдастии якдигар бармехезед ва агар ба асорати шумо дароянд, дар баробари озодияшон фидя мегиред ва ҳол он ки берун ронданашон бар шумо ҳаром буд. Оё ба баъзе аз китоб имон меоваред ва баъзе дигарро инкор мекунед? Ҷазои касе, ки чунин кунад, дар дунё ҷуз хорӣ нест ва дар рӯзи қиёмат ба сахттарин тарзе шиканҷа мешавад ва ба Худо аз он чӣ мекунед, ғофил нест!

86
Now playing ·
أُو۟لَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ ٱشْتَرَوُا۟ ٱلْحَيَوٰةَ ٱلدُّنْيَا بِٱلْـَٔاخِرَةِ ۖ فَلَا يُخَفَّفُ عَنْهُمُ ٱلْعَذَابُ وَلَا هُمْ يُنصَرُونَ ﴿٨٦﴾

ISLOM.NETИнҳо ҳамон касонанд, ки охиратро донанд ва зиндагии дунёро хариданд. Аз азобашон кам нагардад ва кас ёриашон накунад.

87
Now playing ·
وَلَقَدْ ءَاتَيْنَا مُوسَى ٱلْكِتَـٰبَ وَقَفَّيْنَا مِنۢ بَعْدِهِۦ بِٱلرُّسُلِ ۖ وَءَاتَيْنَا عِيسَى ٱبْنَ مَرْيَمَ ٱلْبَيِّنَـٰتِ وَأَيَّدْنَـٰهُ بِرُوحِ ٱلْقُدُسِ ۗ أَفَكُلَّمَا جَآءَكُمْ رَسُولٌۢ بِمَا لَا تَهْوَىٰٓ أَنفُسُكُمُ ٱسْتَكْبَرْتُمْ فَفَرِيقًا كَذَّبْتُمْ وَفَرِيقًا تَقْتُلُونَ ﴿٨٧﴾

ISLOM.NETБа таҳқиқ Мӯсоро китоб додем ва аз паи ӯ паёмбарон фиристодем. Ва ба Исо бинни Марям далелҳои равшан иноят кардем ва ӯро бо рӯҳулқудс қувват додем. Ва ҳар гоҳ паёмбаре омад ва чизҳое овард, ки писанди нафси шумо набуд, саркашӣ кардед ва гурӯҳеро дурӯғгӯ хондед ва гурӯҳеро куштед.

88
Now playing ·
وَقَالُوا۟ قُلُوبُنَا غُلْفٌۢ ۚ بَل لَّعَنَهُمُ ٱللَّهُ بِكُفْرِهِمْ فَقَلِيلًا مَّا يُؤْمِنُونَ ﴿٨٨﴾

ISLOM.NETГуфтанд: «Дилҳои мо дар парда аст». На, Худо ононро ба сабаби куфре, ки меварзанд, нафрин кардааст ва чӣ андак имон меоваранд!

89
Now playing ·
وَلَمَّا جَآءَهُمْ كِتَـٰبٌ مِّنْ عِندِ ٱللَّهِ مُصَدِّقٌ لِّمَا مَعَهُمْ وَكَانُوا۟ مِن قَبْلُ يَسْتَفْتِحُونَ عَلَى ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ فَلَمَّا جَآءَهُم مَّا عَرَفُوا۟ كَفَرُوا۟ بِهِۦ ۚ فَلَعْنَةُ ٱللَّهِ عَلَى ٱلْكَـٰفِرِينَ ﴿٨٩﴾

ISLOM.NETВа чун онҳоро аз ҷониби Худо китобе омад ва ӯро шинохтанд, ҳарчанд китобашро ҳам тасдиқ карда буд ва бо он ки з-он пеш хостори пирӯзи бар кофирон буданд, ба ӯ имон наёварданд, ки лаънати Худо бар кофирон буд!

90
Now playing ·
بِئْسَمَا ٱشْتَرَوْا۟ بِهِۦٓ أَنفُسَهُمْ أَن يَكْفُرُوا۟ بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ بَغْيًا أَن يُنَزِّلَ ٱللَّهُ مِن فَضْلِهِۦ عَلَىٰ مَن يَشَآءُ مِنْ عِبَادِهِۦ ۖ فَبَآءُو بِغَضَبٍ عَلَىٰ غَضَبٍ ۚ وَلِلْكَـٰفِرِينَ عَذَابٌ مُّهِينٌ ﴿٩٠﴾

ISLOM.NETБо худ бадмуомилагӣ карданд, он гоҳ ки аз ҳасад ба китоби Худо кофир шуданд ва аз ин ки Худо фазлу карами хешро ба ҳар кас аз бандагони худ, ки бихоҳад, арзонӣ медорад, ҳасад бурданд ва қарини хашме афзун бар хашми дигар шуданд ва кофиронро азобест хоркунанда!

91
Now playing ·
وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ ءَامِنُوا۟ بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ قَالُوا۟ نُؤْمِنُ بِمَآ أُنزِلَ عَلَيْنَا وَيَكْفُرُونَ بِمَا وَرَآءَهُۥ وَهُوَ ٱلْحَقُّ مُصَدِّقًا لِّمَا مَعَهُمْ ۗ قُلْ فَلِمَ تَقْتُلُونَ أَنۢبِيَآءَ ٱللَّهِ مِن قَبْلُ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ ﴿٩١﴾

ISLOM.NETВа чун ба онҳо гуфта шавад, ки ба он чи Худо нозил кардааст, имон биёваред, мегӯянд: «Мо ба он чи бар худамон нозил шудааст, имон меоварем». Ва ба ғайри он ҳарчанд бо ҳақиқат ҳамроҳ бошад ва китобашро ҳам тасдиқ кунад, имон намеоваранд. Бигӯ: «Агар шумо имон оварда будед, аз чӣ сабаб паёмбарони Худоро пеш аз ин мекуштед?».

92
Now playing ·
۞ وَلَقَدْ جَآءَكُم مُّوسَىٰ بِٱلْبَيِّنَـٰتِ ثُمَّ ٱتَّخَذْتُمُ ٱلْعِجْلَ مِنۢ بَعْدِهِۦ وَأَنتُمْ ظَـٰلِمُونَ ﴿٩٢﴾

ISLOM.NETМӯсо бо далелҳои равшани хеш ба ҳидояти шумо омад ва шумо, ситамкорон, пас аз ӯ ба гӯсола имон овардед.

93
Now playing ·
وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَـٰقَكُمْ وَرَفَعْنَا فَوْقَكُمُ ٱلطُّورَ خُذُوا۟ مَآ ءَاتَيْنَـٰكُم بِقُوَّةٍ وَٱسْمَعُوا۟ ۖ قَالُوا۟ سَمِعْنَا وَعَصَيْنَا وَأُشْرِبُوا۟ فِى قُلُوبِهِمُ ٱلْعِجْلَ بِكُفْرِهِمْ ۚ قُلْ بِئْسَمَا يَأْمُرُكُم بِهِۦٓ إِيمَـٰنُكُمْ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ ﴿٩٣﴾

ISLOM.NETВа бо шумо паймон бастем ва кӯҳи Турро бар болои саратон бидоштем. Акнун он чиро, ки бароятон фиристодем, ба имони устувор бигиред ва каломи Худоро бишнавед. Гуфтанд: «Шунидем ва ба кор нахоҳем баст». Бар асари куфрашон ишқи гӯсола дар дилашон ҷой гирифт. Бигӯ: «Агар ба он чӣ мегӯед, бовар доред, боваратон шуморо ба бадкорӣ вомедорад!».

94
Now playing ·
قُلْ إِن كَانَتْ لَكُمُ ٱلدَّارُ ٱلْـَٔاخِرَةُ عِندَ ٱللَّهِ خَالِصَةً مِّن دُونِ ٱلنَّاسِ فَتَمَنَّوُا۟ ٱلْمَوْتَ إِن كُنتُمْ صَـٰدِقِينَ ﴿٩٤﴾

ISLOM.NETБигӯ: «Агар рост мегӯед, ки олами охират назди Худо махсуси шумост, на мардуми дигар, пас орзуи марг кунед».

95
Now playing ·
وَلَن يَتَمَنَّوْهُ أَبَدًۢا بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ ۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌۢ بِٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿٩٥﴾

ISLOM.NETВале ба сабаби аъмоле, ки кардаанд, ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард. Худо ситамкоронро мешиносад!

96
Now playing ·
وَلَتَجِدَنَّهُمْ أَحْرَصَ ٱلنَّاسِ عَلَىٰ حَيَوٰةٍ وَمِنَ ٱلَّذِينَ أَشْرَكُوا۟ ۚ يَوَدُّ أَحَدُهُمْ لَوْ يُعَمَّرُ أَلْفَ سَنَةٍ وَمَا هُوَ بِمُزَحْزِحِهِۦ مِنَ ٱلْعَذَابِ أَن يُعَمَّرَ ۗ وَٱللَّهُ بَصِيرٌۢ بِمَا يَعْمَلُونَ ﴿٩٦﴾

ISLOM.NETОнонро аз мардуми дигар, ҳатто мушрикон, ба зиндагии инҷаҳонӣ ҳаристар хоҳӣ ёфт ва баъзе аз кофирон дӯст доранд, ки ҳазор сол дар ин дунё зист кунанд ва ин умри дароз азоби Худоро аз онон дур нахоҳад сохт, ки Худо ба аъмолашон биност!

97
Now playing ·
قُلْ مَن كَانَ عَدُوًّا لِّجِبْرِيلَ فَإِنَّهُۥ نَزَّلَهُۥ عَلَىٰ قَلْبِكَ بِإِذْنِ ٱللَّهِ مُصَدِّقًا لِّمَا بَيْنَ يَدَيْهِ وَهُدًى وَبُشْرَىٰ لِلْمُؤْمِنِينَ ﴿٩٧﴾

ISLOM.NETБа онон, ки ба Ҷабраил душманӣ меварзанд, бигӯ: «Ӯст, ки ин оётро ба фармони Худо бар дили ту нозил кардааст то китобҳои дигари осмониро тасдиқ кунад ва барои мӯъминон раҳнамун ва хушхабар бошад».

98
Now playing ·
مَن كَانَ عَدُوًّا لِّلَّهِ وَمَلَـٰٓئِكَتِهِۦ وَرُسُلِهِۦ وَجِبْرِيلَ وَمِيكَىٰلَ فَإِنَّ ٱللَّهَ عَدُوٌّ لِّلْكَـٰفِرِينَ ﴿٩٨﴾

ISLOM.NETҲарки душмани Ходою фариштагони ӯ ва паёмбаронаш ваҶабраилу Микоил бошад, Худо ҳам душмани кофирон аст!

99
Now playing ·
وَلَقَدْ أَنزَلْنَآ إِلَيْكَ ءَايَـٰتٍۭ بَيِّنَـٰتٍ ۖ وَمَا يَكْفُرُ بِهَآ إِلَّا ٱلْفَـٰسِقُونَ ﴿٩٩﴾

ISLOM.NETБе шакк бар ту оёте равшан нозил кардем. Ба ҷуз фосиқон касе мункири онҳо нахоҳад шуд.

100
Now playing ·
أَوَكُلَّمَا عَـٰهَدُوا۟ عَهْدًا نَّبَذَهُۥ فَرِيقٌ مِّنْهُم ۚ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ ﴿١٠٠﴾

ISLOM.NETОё ҳар бор, ки бо Худо паймоне бастанд, гурӯҳе аз эшон паймоншиканӣ карданд? Оре, бештарашон имон нахоҳанд овард!

101
Now playing ·
وَلَمَّا جَآءَهُمْ رَسُولٌ مِّنْ عِندِ ٱللَّهِ مُصَدِّقٌ لِّمَا مَعَهُمْ نَبَذَ فَرِيقٌ مِّنَ ٱلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْكِتَـٰبَ كِتَـٰبَ ٱللَّهِ وَرَآءَ ظُهُورِهِمْ كَأَنَّهُمْ لَا يَعْلَمُونَ ﴿١٠١﴾

ISLOM.NETВа гурӯҳе аз аҳли китоб чун паёмбаре аз ҷониби Худо бар онон фиристода шуд, ки ба китобашон ҳам гувоҳӣ медод, китоби Худоро, чунон ки гӯӣ аз он бехабаранд, паси пушт афканданд.

102
Now playing ·
وَٱتَّبَعُوا۟ مَا تَتْلُوا۟ ٱلشَّيَـٰطِينُ عَلَىٰ مُلْكِ سُلَيْمَـٰنَ ۖ وَمَا كَفَرَ سُلَيْمَـٰنُ وَلَـٰكِنَّ ٱلشَّيَـٰطِينَ كَفَرُوا۟ يُعَلِّمُونَ ٱلنَّاسَ ٱلسِّحْرَ وَمَآ أُنزِلَ عَلَى ٱلْمَلَكَيْنِ بِبَابِلَ هَـٰرُوتَ وَمَـٰرُوتَ ۚ وَمَا يُعَلِّمَانِ مِنْ أَحَدٍ حَتَّىٰ يَقُولَآ إِنَّمَا نَحْنُ فِتْنَةٌ فَلَا تَكْفُرْ ۖ فَيَتَعَلَّمُونَ مِنْهُمَا مَا يُفَرِّقُونَ بِهِۦ بَيْنَ ٱلْمَرْءِ وَزَوْجِهِۦ ۚ وَمَا هُم بِضَآرِّينَ بِهِۦ مِنْ أَحَدٍ إِلَّا بِإِذْنِ ٱللَّهِ ۚ وَيَتَعَلَّمُونَ مَا يَضُرُّهُمْ وَلَا يَنفَعُهُمْ ۚ وَلَقَدْ عَلِمُوا۟ لَمَنِ ٱشْتَرَىٰهُ مَا لَهُۥ فِى ٱلْـَٔاخِرَةِ مِنْ خَلَـٰقٍ ۚ وَلَبِئْسَ مَا شَرَوْا۟ بِهِۦٓ أَنفُسَهُمْ ۚ لَوْ كَانُوا۟ يَعْلَمُونَ ﴿١٠٢﴾

ISLOM.NETВа ба афсуне, ки девҳо ба рӯзгори подшоҳии Сулаймон мехонданд, пайравӣ карданд ва Сулаймон кофир набуд, вале девҳо, ки мардумро ҷодугарӣ меомӯхтанд, кофир буданд. Ва низ он афсун, ки бар он ду фаришта ---- Ҳорут ва Морут дар Бобул нозил шуд, дар ҳоле, ки, он ду ба ҳар кас, ки ҷодугарӣ меомӯхтанд, мегуфтанд: «Кори мо фитна аст, мабод кофир шавӣ». Ва мардум аз он ду ҷодуҳе меомӯхтанд, ки метавонистанд миёни зану шӯй ҷудоӣ афкананд ва онон ҷуз ба фармони Худо ба касе зиёне намерасониданд ва он чӣ мардум меомӯхтанд, ба онҳо зиён мерасонид, на суд. Ва худ медонистанд, ки харидорони он ҷодуро дар охират баҳрае нест. Худро ба бад чизе фурӯхтанд, агар медонистанд!

103
Now playing ·
وَلَوْ أَنَّهُمْ ءَامَنُوا۟ وَٱتَّقَوْا۟ لَمَثُوبَةٌ مِّنْ عِندِ ٱللَّهِ خَيْرٌ ۖ لَّوْ كَانُوا۟ يَعْلَمُونَ ﴿١٠٣﴾

ISLOM.NETАгар имон оварда ва парҳезгор шуда будаанд, подоше, ки аз ҷониби Худо ба онҳо дода мешуд, аз ҳар чизи дигаре некӯтар мебуд, агар медонистанд!

104
Now playing ·
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ لَا تَقُولُوا۟ رَٰعِنَا وَقُولُوا۟ ٱنظُرْنَا وَٱسْمَعُوا۟ ۗ وَلِلْكَـٰفِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمٌ ﴿١٠٤﴾

ISLOM.NETЭй касоне, ки имон овардаед, магӯед «роъино», бигӯед «унзурно». Ва гӯш фаро доред, ки барои кофирон азобест дардовар!

105
Now playing ·
مَّا يَوَدُّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ مِنْ أَهْلِ ٱلْكِتَـٰبِ وَلَا ٱلْمُشْرِكِينَ أَن يُنَزَّلَ عَلَيْكُم مِّنْ خَيْرٍ مِّن رَّبِّكُمْ ۗ وَٱللَّهُ يَخْتَصُّ بِرَحْمَتِهِۦ مَن يَشَآءُ ۚ وَٱللَّهُ ذُو ٱلْفَضْلِ ٱلْعَظِيمِ ﴿١٠٥﴾

ISLOM.NETАз миёни аҳли китоб онон, ки кофир шуданд ва низ мушрикон дӯст намедоранд, ки аз ҷониби Парвардигор ба шумо хайре бирасад. Ва ҳол он ки Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ба бахшоиши хеш махсус медорад. Худо соҳиби фазле бузург аст!

106
Now playing ·
۞ مَا نَنسَخْ مِنْ ءَايَةٍ أَوْ نُنسِهَا نَأْتِ بِخَيْرٍ مِّنْهَآ أَوْ مِثْلِهَآ ۗ أَلَمْ تَعْلَمْ أَنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ ﴿١٠٦﴾

ISLOM.NETҲеҷ ояеро бекор ё тарк намекунем, магар он ки беҳтар аз он ё ҳамонанди онро меоварем. Оё намедонӣ, ки Худо бар коре тавоност?

107
Now playing ·
أَلَمْ تَعْلَمْ أَنَّ ٱللَّهَ لَهُۥ مُلْكُ ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ ۗ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِن وَلِىٍّ وَلَا نَصِيرٍ ﴿١٠٧﴾

ISLOM.NETОё намедонӣ, ки Худо фармонравои осмонҳо ва замин аст ва шуморо ҷуз ӯ ёреву ёваре нест?

108
Now playing ·
أَمْ تُرِيدُونَ أَن تَسْـَٔلُوا۟ رَسُولَكُمْ كَمَا سُئِلَ مُوسَىٰ مِن قَبْلُ ۗ وَمَن يَتَبَدَّلِ ٱلْكُفْرَ بِٱلْإِيمَـٰنِ فَقَدْ ضَلَّ سَوَآءَ ٱلسَّبِيلِ ﴿١٠٨﴾

ISLOM.NETОё мехоҳед аз паёмбари худ чизе бипурсед, ҳамчунон қи қавми Мӯсо пеш аз ин аз Мӯсо пурсида буданд? Он кас, ки куфрро ба ҷои имон ихтиёр кунад, чун касест, ки роҳи ростро гум карда бошад.

109
Now playing ·
وَدَّ كَثِيرٌ مِّنْ أَهْلِ ٱلْكِتَـٰبِ لَوْ يَرُدُّونَكُم مِّنۢ بَعْدِ إِيمَـٰنِكُمْ كُفَّارًا حَسَدًا مِّنْ عِندِ أَنفُسِهِم مِّنۢ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ ٱلْحَقُّ ۖ فَٱعْفُوا۟ وَٱصْفَحُوا۟ حَتَّىٰ يَأْتِىَ ٱللَّهُ بِأَمْرِهِۦٓ ۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ ﴿١٠٩﴾

ISLOM.NETБисёре аз аҳли китоб, бо он ки ҳақиқат бар онҳо ошкор шуда, аз рӯӣ ҳасад дӯст доранд шуморо пас аз имон оварданатон ба куфр бозгардонанд. Афв кунед ва гузашт кунед то Худо фармонашро биёварад, ки ӯ бар ҳар коре тавоност!

110
Now playing ·
وَأَقِيمُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُوا۟ ٱلزَّكَوٰةَ ۚ وَمَا تُقَدِّمُوا۟ لِأَنفُسِكُم مِّنْ خَيْرٍ تَجِدُوهُ عِندَ ٱللَّهِ ۗ إِنَّ ٱللَّهَ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ ﴿١١٠﴾

ISLOM.NETНамоз бигзоред ва закот бидиҳед! Ҳар некиро, ки пешопеш барои худ равона медоред, назди Худояш хоҳед ёфт. Албатта Худо ба корҳое, ки мекунед биност.

111
Now playing ·
وَقَالُوا۟ لَن يَدْخُلَ ٱلْجَنَّةَ إِلَّا مَن كَانَ هُودًا أَوْ نَصَـٰرَىٰ ۗ تِلْكَ أَمَانِيُّهُمْ ۗ قُلْ هَاتُوا۟ بُرْهَـٰنَكُمْ إِن كُنتُمْ صَـٰدِقِينَ ﴿١١١﴾

ISLOM.NETГуфтанд: «Ғайра яҳудон ва тарсоён касе ба биҳишт намеравад». Ин орзуи онҳост. Бигӯ: «Агар рост мегӯед, ҳуҷҷати хеш биёваред».

112
Now playing ·
بَلَىٰ مَنْ أَسْلَمَ وَجْهَهُۥ لِلَّهِ وَهُوَ مُحْسِنٌ فَلَهُۥٓ أَجْرُهُۥ عِندَ رَبِّهِۦ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ ﴿١١٢﴾

ISLOM.NETОре, ҳар касс, ки аз рӯи ихлос рӯ ба Худо кунад ва некӯкор бувад, муздашро аз Парвардигораш хоҳад гирифт ва дастхуши биму андӯҳ намешавад.

113
Now playing ·
وَقَالَتِ ٱلْيَهُودُ لَيْسَتِ ٱلنَّصَـٰرَىٰ عَلَىٰ شَىْءٍ وَقَالَتِ ٱلنَّصَـٰرَىٰ لَيْسَتِ ٱلْيَهُودُ عَلَىٰ شَىْءٍ وَهُمْ يَتْلُونَ ٱلْكِتَـٰبَ ۗ كَذَٰلِكَ قَالَ ٱلَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ مِثْلَ قَوْلِهِمْ ۚ فَٱللَّهُ يَحْكُمُ بَيْنَهُمْ يَوْمَ ٱلْقِيَـٰمَةِ فِيمَا كَانُوا۟ فِيهِ يَخْتَلِفُونَ ﴿١١٣﴾

ISLOM.NETБо ин ки китоб Худоро мехонанд, яҳудон гуфтанд, ки тарсоён барҳақ наянд ва тарсоён гуфтанд, ки яҳудон барҳақ наянд. Ҳамчунин онҳо, ки ноогоҳанд сухане чун сухани онон гӯянд. Худо дар рӯзи қиёмат дар бораи он чӣ дар он ихтилоф мекунанд, миёнашон ҳукм хоҳад кард.

Mishary Rashid AlafasyMurattal · Juz 1
0:00
0:00

Your reading

Sign in to keep your place on every device, count your daily ayahs and follow a khatam plan.

Sign in

Friday reminder

Read Surah Al-Kahf every Friday. Sign in to get a reminder, or add it to your calendar.
110 ayahs 12 pages Fri, Nov 13
Built for study

Everything a reader needs

Tools that stay out of the way until you need them.

2 translationsSwitch between them or read two side by side.
1 tafsir sourceStudy notes
13 recitersAyah-by-ayah audio with repeat and speed for memorising.
Tajweed coloursMadd, ghunnah and qalqalah marked as you read.
Your place, keptBookmarks, notes and your khatam follow you to every device.

Quran text: Tanzil Quran Text (Uthmani), tanzil.net – CC BY 3.0, unchanged. Translation: Қуръон, ISLOM.NET – tanzil.net.