MR Mishary Rashid Alafasy
AB Abdul Basit Abdul Samad
AB Abdul Basit Abdul Samad (Mujawwad)
MK Mahmoud Khalil Al-Husary
A( Al-Husary (teaching, with repetition)
MS Mohamed Siddiq El-Minshawi
AA Abdur-Rahman As-Sudais
SA Saud Ash-Shuraym
MA Maher Al-Muaiqly
SA Saad Al-Ghamdi
MA Muhammad Ayyub
AB Abu Bakr Ash-Shatri
YA Yasser Ad-Dossari
Reciter
Mishary Rashid Alafasy Abdul Basit Abdul Samad Abdul Basit Abdul Samad (Mujawwad) Mahmoud Khalil Al-Husary Al-Husary (teaching, with repetition) Mohamed Siddiq El-Minshawi Abdur-Rahman As-Sudais Saud Ash-Shuraym Maher Al-Muaiqly Saad Al-Ghamdi Muhammad Ayyub Abu Bakr Ash-Shatri Yasser Ad-Dossari
A− A+
Tajweed colours
Translation
Night mode
Madd (maddah sign) Ghunnah (doubled noon / meem) Qalqalah
Now playing ·
ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَلَمْ يَلْبِسُوٓا۟ إِيمَـٰنَهُم بِظُلْمٍ أُو۟لَـٰٓئِكَ لَهُمُ ٱلْأَمْنُ وَهُم مُّهْتَدُونَ ﴿٨٢﴾
ISLOM.NET Касоне, ки имон овардаанд, ва имони худро ба ширк намеолоянд эминӣ аз онҳо аст ва онҳо ҳидоятёфтагонанд.
Now playing ·
وَتِلْكَ حُجَّتُنَآ ءَاتَيْنَـٰهَآ إِبْرَٰهِيمَ عَلَىٰ قَوْمِهِۦ ۚ نَرْفَعُ دَرَجَـٰتٍ مَّن نَّشَآءُ ۗ إِنَّ رَبَّكَ حَكِيمٌ عَلِيمٌ ﴿٨٣﴾
ISLOM.NET Ин бурҳони мо буд, ки онро ба Иброҳим ато намудем, дар баробари қавмаш. Ҳар киро бихоҳем, ба дараҷоте боло мебарем. Албатта Парвардигори ту ҳакиму доност!
Now playing ·
وَوَهَبْنَا لَهُۥٓ إِسْحَـٰقَ وَيَعْقُوبَ ۚ كُلًّا هَدَيْنَا ۚ وَنُوحًا هَدَيْنَا مِن قَبْلُ ۖ وَمِن ذُرِّيَّتِهِۦ دَاوُۥدَ وَسُلَيْمَـٰنَ وَأَيُّوبَ وَيُوسُفَ وَمُوسَىٰ وَهَـٰرُونَ ۚ وَكَذَٰلِكَ نَجْزِى ٱلْمُحْسِنِينَ ﴿٨٤﴾
ISLOM.NET Ва ба ӯ Исхоқ ва Яъқубро бахшидем ва ҳамагиро ҳидоят кардем. Ва Нӯҳро пеш аз ин ҳидоят карда будем ва аз фарзандони Иброҳим Довуду Сулаймон ва Айюбу Юсуф ва Мӯсову Ҳорунро ҳидоят кардем. Ва некӯкоронро ин гуна подош диҳем!
Now playing ·
وَزَكَرِيَّا وَيَحْيَىٰ وَعِيسَىٰ وَإِلْيَاسَ ۖ كُلٌّ مِّنَ ٱلصَّـٰلِحِينَ ﴿٨٥﴾
ISLOM.NET Ва Закариёву Яҳё ва Исову Илёс, ки ҳама аз солеҳон буданд.
Now playing ·
وَإِسْمَـٰعِيلَ وَٱلْيَسَعَ وَيُونُسَ وَلُوطًا ۚ وَكُلًّا فَضَّلْنَا عَلَى ٱلْعَـٰلَمِينَ ﴿٨٦﴾
ISLOM.NET Ва Исмоилу Алясаъ ва Юнусу Лут, ки ҳамаро бар ҷаҳониён бартарӣ додем.
Now playing ·
وَمِنْ ءَابَآئِهِمْ وَذُرِّيَّـٰتِهِمْ وَإِخْوَٰنِهِمْ ۖ وَٱجْتَبَيْنَـٰهُمْ وَهَدَيْنَـٰهُمْ إِلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسْتَقِيمٍ ﴿٨٧﴾
ISLOM.NET Ва аз падаронашону фарзандонашон ва бародаронашон баъзеро ҳидоят кардем ва онҳоро баргузидем ва ба роҳи рост роҳ намудем.
Now playing ·
ذَٰلِكَ هُدَى ٱللَّهِ يَهْدِى بِهِۦ مَن يَشَآءُ مِنْ عِبَادِهِۦ ۚ وَلَوْ أَشْرَكُوا۟ لَحَبِطَ عَنْهُم مَّا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ ﴿٨٨﴾
ISLOM.NET Ин аст ҳидояти Худо. Ҳар киро аз бандагонаш хоҳад, ба он ҳидоят мекунад ва агар ширк оварда буданд, амалҳое, ки анҷом дода буданд, нобуд мегардид.
Now playing ·
أُو۟لَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ ءَاتَيْنَـٰهُمُ ٱلْكِتَـٰبَ وَٱلْحُكْمَ وَٱلنُّبُوَّةَ ۚ فَإِن يَكْفُرْ بِهَا هَـٰٓؤُلَآءِ فَقَدْ وَكَّلْنَا بِهَا قَوْمًا لَّيْسُوا۟ بِهَا بِكَـٰفِرِينَ ﴿٨٩﴾
ISLOM.NET Инҳо касоне ҳастанд, ки ба онҳо китобу фармон ва нубувват додаем. Агар ин қавм ба он имон наёваранд, қавми дигареро бар он вакил кардаем, ки инкораш намекунанд.
Now playing ·
أُو۟لَـٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ هَدَى ٱللَّهُ ۖ فَبِهُدَىٰهُمُ ٱقْتَدِهْ ۗ قُل لَّآ أَسْـَٔلُكُمْ عَلَيْهِ أَجْرًا ۖ إِنْ هُوَ إِلَّا ذِكْرَىٰ لِلْعَـٰلَمِينَ ﴿٩٠﴾
ISLOM.NET Инҳо касоне ҳастанд, ки Худо ҳидояташон кардааст пас ба равиши онҳо пайравӣ кун. Бигӯ; «Дар баробари он ҳеҷ музде аз шумо наметалабам, ин китоб ҷуз панде барои мардуми ҷаҳон пест».
Now playing ·
وَمَا قَدَرُوا۟ ٱللَّهَ حَقَّ قَدْرِهِۦٓ إِذْ قَالُوا۟ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ عَلَىٰ بَشَرٍ مِّن شَىْءٍ ۗ قُلْ مَنْ أَنزَلَ ٱلْكِتَـٰبَ ٱلَّذِى جَآءَ بِهِۦ مُوسَىٰ نُورًا وَهُدًى لِّلنَّاسِ ۖ تَجْعَلُونَهُۥ قَرَاطِيسَ تُبْدُونَهَا وَتُخْفُونَ كَثِيرًا ۖ وَعُلِّمْتُم مَّا لَمْ تَعْلَمُوٓا۟ أَنتُمْ وَلَآ ءَابَآؤُكُمْ ۖ قُلِ ٱللَّهُ ۖ ثُمَّ ذَرْهُمْ فِى خَوْضِهِمْ يَلْعَبُونَ ﴿٩١﴾
ISLOM.NET Вақте ки мегӯянд, ки Худо бар ҳеҷ инсоне чизе нозил накардааст, Худоро ончунон, ки лоиқи Ӯст, нашинохтаанд, бигӯ: «Китоберо, ки Мӯсо барои рӯшноӣ ва ҳидояти мардум овард, чӣ касе бар ӯ нозил карда буд? Онро бар коғазҳо навиштед, порае аз онро ошкор месозед, вале бештаринро пинҳон медоред. Ба шумо чизҳо омӯхтанд, ки аз ин пеш на шумо медонистед ва на падаронатон медонистанд. Бигӯ: «Он Оллоҳ аст!» Он гоҳ раҳояшон соз, то ҳамчунон ба ботили худ дилхуш бошанд.
Now playing ·
وَهَـٰذَا كِتَـٰبٌ أَنزَلْنَـٰهُ مُبَارَكٌ مُّصَدِّقُ ٱلَّذِى بَيْنَ يَدَيْهِ وَلِتُنذِرَ أُمَّ ٱلْقُرَىٰ وَمَنْ حَوْلَهَا ۚ وَٱلَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِٱلْـَٔاخِرَةِ يُؤْمِنُونَ بِهِۦ ۖ وَهُمْ عَلَىٰ صَلَاتِهِمْ يُحَافِظُونَ ﴿٩٢﴾
ISLOM.NET Ин аст китобе муборак, ки нозил кардаем, тасдиқкунандаи чизест, ки пеш аз он нозил шудааст. То бо он мардуми уммулқуро ва мардуми атрофашро бим диҳӣ. Касоне, ки ба рӯзи қиёмат имон доранд, ба он низ имон доранд. Инҳо ҳифзкунандаи намозҳои хешанд.
Now playing ·
وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ ٱفْتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَوْ قَالَ أُوحِىَ إِلَىَّ وَلَمْ يُوحَ إِلَيْهِ شَىْءٌ وَمَن قَالَ سَأُنزِلُ مِثْلَ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ ۗ وَلَوْ تَرَىٰٓ إِذِ ٱلظَّـٰلِمُونَ فِى غَمَرَٰتِ ٱلْمَوْتِ وَٱلْمَلَـٰٓئِكَةُ بَاسِطُوٓا۟ أَيْدِيهِمْ أَخْرِجُوٓا۟ أَنفُسَكُمُ ۖ ٱلْيَوْمَ تُجْزَوْنَ عَذَابَ ٱلْهُونِ بِمَا كُنتُمْ تَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ غَيْرَ ٱلْحَقِّ وَكُنتُمْ عَنْ ءَايَـٰتِهِۦ تَسْتَكْبِرُونَ ﴿٩٣﴾
ISLOM.NET Кист ситамкортар аз он кас, ки ба Худо дурӯғ баст ё гуфт, ки ба ман ваҳй шуда ва ҳол он ки ба ӯ ҳеҷ чиз ваҳй нашуда буд ва он кас, ки гуфт: «Ман низ монанди оёте, ки Худо нозил кардаст, нозил хоҳам кард?» Агар бубинӣ, он гоҳ, ки ин ситамкорон дар сакароти марг гирифторанд ва малоика бар онҳо даст кушодаанд, ки ҷони хеш берун кунед, имрӯз шуморо ба азобе хоркунанда азоб мекунанд ва ин ба ҷазои он аст, ки дар бораи Худо ба ноҳақ сухан мегуфтед ва аз оёти Ӯ сарпечӣ мекардед.
Now playing ·
وَلَقَدْ جِئْتُمُونَا فُرَٰدَىٰ كَمَا خَلَقْنَـٰكُمْ أَوَّلَ مَرَّةٍ وَتَرَكْتُم مَّا خَوَّلْنَـٰكُمْ وَرَآءَ ظُهُورِكُمْ ۖ وَمَا نَرَىٰ مَعَكُمْ شُفَعَآءَكُمُ ٱلَّذِينَ زَعَمْتُمْ أَنَّهُمْ فِيكُمْ شُرَكَـٰٓؤُا۟ ۚ لَقَد تَّقَطَّعَ بَيْنَكُمْ وَضَلَّ عَنكُم مَّا كُنتُمْ تَزْعُمُونَ ﴿٩٤﴾
ISLOM.NET Албатта танҳо-танҳо, он тавр ки дар оғоз "шуморо биёфаридем, назди мо омадаед, дар ҳоле ки ҳар чиро, ки арзонатом дошта будем, пушти сар ниҳодаед ва ҳеҷ як аз шафеъонатонро, ки мепиндоштед, бо шумо шариканд, ҳамроҳатон намебинем. Аз ҳам бурида шудаед ва пиндори худро гумгашта ёфтаед.
Now playing ·
۞ إِنَّ ٱللَّهَ فَالِقُ ٱلْحَبِّ وَٱلنَّوَىٰ ۖ يُخْرِجُ ٱلْحَىَّ مِنَ ٱلْمَيِّتِ وَمُخْرِجُ ٱلْمَيِّتِ مِنَ ٱلْحَىِّ ۚ ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ ۖ فَأَنَّىٰ تُؤْفَكُونَ ﴿٩٥﴾
ISLOM.NET Худост, ки донаву хастаро мешикофад ва зиндаро аз мурда берун меоварад ва мурдаро аз зинда берун меоварад. Ин аст Худои якто. Пас чӣ гуна аз ҳақ гумроҳатон мекунанд?
Now playing ·
فَالِقُ ٱلْإِصْبَاحِ وَجَعَلَ ٱلَّيْلَ سَكَنًا وَٱلشَّمْسَ وَٱلْقَمَرَ حُسْبَانًا ۚ ذَٰلِكَ تَقْدِيرُ ٱلْعَزِيزِ ٱلْعَلِيمِ ﴿٩٦﴾
ISLOM.NET Шукуфандаи субҳгоҳон аст ва шабро барои оромиш қарор дод ва хуршеду моҳро барои ҳисоб кардани вақт. Ин аст тақдири Худои пирӯзманди доно!
Now playing ·
وَهُوَ ٱلَّذِى جَعَلَ لَكُمُ ٱلنُّجُومَ لِتَهْتَدُوا۟ بِهَا فِى ظُلُمَـٰتِ ٱلْبَرِّ وَٱلْبَحْرِ ۗ قَدْ فَصَّلْنَا ٱلْـَٔايَـٰتِ لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ ﴿٩٧﴾
ISLOM.NET Ӯст Худое, ки ситорагонро бароятон офарид, то ба онҳо дар торикиҳои хушкиву дарё роҳи худро биёбед. Оётро барои онон, ки медонанд, батафсил баён кардаем!
Now playing ·
وَهُوَ ٱلَّذِىٓ أَنشَأَكُم مِّن نَّفْسٍ وَٰحِدَةٍ فَمُسْتَقَرٌّ وَمُسْتَوْدَعٌ ۗ قَدْ فَصَّلْنَا ٱلْـَٔايَـٰتِ لِقَوْمٍ يَفْقَهُونَ ﴿٩٨﴾
ISLOM.NET Ва Ӯст Худованде, ки шуморо аз як тан биёфарид. Сипас шуморо қароргоҳест ва вадиъат (амонат) ҷоест. Оётро барои онон, ки мефаҳманд, батафсил баён кардаем!
Now playing ·
وَهُوَ ٱلَّذِىٓ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءً فَأَخْرَجْنَا بِهِۦ نَبَاتَ كُلِّ شَىْءٍ فَأَخْرَجْنَا مِنْهُ خَضِرًا نُّخْرِجُ مِنْهُ حَبًّا مُّتَرَاكِبًا وَمِنَ ٱلنَّخْلِ مِن طَلْعِهَا قِنْوَانٌ دَانِيَةٌ وَجَنَّـٰتٍ مِّنْ أَعْنَابٍ وَٱلزَّيْتُونَ وَٱلرُّمَّانَ مُشْتَبِهًا وَغَيْرَ مُتَشَـٰبِهٍ ۗ ٱنظُرُوٓا۟ إِلَىٰ ثَمَرِهِۦٓ إِذَآ أَثْمَرَ وَيَنْعِهِۦٓ ۚ إِنَّ فِى ذَٰلِكُمْ لَـَٔايَـٰتٍ لِّقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ ﴿٩٩﴾
ISLOM.NET Ӯст Худое, ки аз осмон борон фиристод ва бо он борон ҳар гуна гиёҳеро руёнидем ва аз он гиёҳ танае сабз ва аз он донаҳое бар якдигар чида ва низ аз навдаҳои нахл хӯшаҳое сар бароварда падид овардем ва низ бӯстонҳое аз токҳо ва зайтуну анор монанду номонаяд! Ба меваҳояш, он гоҳ ки падид меоянд ва он гоҳ ки мерасанд, бингаред, ки дар онҳо ибратҳост барои онон, ки имон меоваранд?
Now playing ·
وَجَعَلُوا۟ لِلَّهِ شُرَكَآءَ ٱلْجِنَّ وَخَلَقَهُمْ ۖ وَخَرَقُوا۟ لَهُۥ بَنِينَ وَبَنَـٰتٍۭ بِغَيْرِ عِلْمٍ ۚ سُبْحَـٰنَهُۥ وَتَعَـٰلَىٰ عَمَّا يَصِفُونَ ﴿١٠٠﴾
ISLOM.NET Барои Худо шариконе аз ҷин қарор доданд ва ҳол он ки ҷинро Худо офаридааст. Ва бе ҳеҷ донише ба дурӯғ духтароневу писароне барои Ӯ тасаввур карданд. Ӯ пок аст ва болотар аст аз он чӣ васфаш мекунанд!
Now playing ·
بَدِيعُ ٱلسَّمَـٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ ۖ أَنَّىٰ يَكُونُ لَهُۥ وَلَدٌ وَلَمْ تَكُن لَّهُۥ صَـٰحِبَةٌ ۖ وَخَلَقَ كُلَّ شَىْءٍ ۖ وَهُوَ بِكُلِّ شَىْءٍ عَلِيمٌ ﴿١٠١﴾
ISLOM.NET Падидоварандаи осмонҳову замин аст. Чӣ гуна Ӯро фарзанде бошад ва ҳол он ки Ӯро ҳамсаре нест. Ҳар чизеро Ӯ офаридааст ва ба ҳар чизе доност!
Now playing ·
ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمْ ۖ لَآ إِلَـٰهَ إِلَّا هُوَ ۖ خَـٰلِقُ كُلِّ شَىْءٍ فَٱعْبُدُوهُ ۚ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍ وَكِيلٌ ﴿١٠٢﴾
ISLOM.NET Ин аст Худои якто, ки Парвардигори шумост. Худое ҷуз Ӯ нест. Офаринандаи ҳар чизест. Пас Ӯро бипарастед, ки нигоҳбони ҳар чизест!
Now playing ·
لَّا تُدْرِكُهُ ٱلْأَبْصَـٰرُ وَهُوَ يُدْرِكُ ٱلْأَبْصَـٰرَ ۖ وَهُوَ ٱللَّطِيفُ ٱلْخَبِيرُ ﴿١٠٣﴾
ISLOM.NET Чашмҳо Ӯро намебинанд ва Ӯ бинандагонро мебинад. Дақиқу огоҳ аст!
Now playing ·
قَدْ جَآءَكُم بَصَآئِرُ مِن رَّبِّكُمْ ۖ فَمَنْ أَبْصَرَ فَلِنَفْسِهِۦ ۖ وَمَنْ عَمِىَ فَعَلَيْهَا ۚ وَمَآ أَنَا۠ عَلَيْكُم بِحَفِيظٍ ﴿١٠٤﴾
ISLOM.NET Аз сӯи Парвардигоратон барои шумо нишонаҳои равшан омад. Ҳар кӣ аз рӯи ибрат менигарад, ба нафъи ӯст ва ҳар кӣ чашми ибрат барҳам пӯшад, ба зиёни ӯст. Ва ман нигоҳдорандаи шумо нестам!
Now playing ·
وَكَذَٰلِكَ نُصَرِّفُ ٱلْـَٔايَـٰتِ وَلِيَقُولُوا۟ دَرَسْتَ وَلِنُبَيِّنَهُۥ لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ ﴿١٠٥﴾
ISLOM.NET Оёти Худоро инчунин гуногун баён мекунем, то мабод, ки бигӯянд, ки аз касе дарс гирифтаӣ ва мо ин оётро барои аҳли дониш баён мекунем.
Now playing ·
ٱتَّبِعْ مَآ أُوحِىَ إِلَيْكَ مِن رَّبِّكَ ۖ لَآ إِلَـٰهَ إِلَّا هُوَ ۖ وَأَعْرِضْ عَنِ ٱلْمُشْرِكِينَ ﴿١٠٦﴾
ISLOM.NET Ба ҳар чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту ваҳй шудааст, пайравӣ кун. Ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест. Ва аз мушрикон рӯй гардон!
Now playing ·
وَلَوْ شَآءَ ٱللَّهُ مَآ أَشْرَكُوا۟ ۗ وَمَا جَعَلْنَـٰكَ عَلَيْهِمْ حَفِيظًا ۖ وَمَآ أَنتَ عَلَيْهِم بِوَكِيلٍ ﴿١٠٧﴾
ISLOM.NET Агар Худо мехост онон ширк намеоварданд ва мо туро нигаҳбонашон насохтаем ва ту корсозашон нестӣ!
Now playing ·
وَلَا تَسُبُّوا۟ ٱلَّذِينَ يَدْعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ فَيَسُبُّوا۟ ٱللَّهَ عَدْوًۢا بِغَيْرِ عِلْمٍ ۗ كَذَٰلِكَ زَيَّنَّا لِكُلِّ أُمَّةٍ عَمَلَهُمْ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّهِم مَّرْجِعُهُمْ فَيُنَبِّئُهُم بِمَا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ ﴿١٠٨﴾
ISLOM.NET Чизҳоеро, ки онон ба ҷои Оллоҳ мехонанд, дашном мадиҳед, ки онон низ бе ҳеҷ донише аз ҳад гузашта ба Оллоҳ дашном диҳанд. Инчунин амали ҳар қавмеро дар чашмашон оростаем. Пас бозгашти ҳамагон ба Парвардигорашон аст ва Ӯ ҳамаро аз корҳое, ки кардаанд, огоҳ месозад.
Now playing ·
وَأَقْسَمُوا۟ بِٱللَّهِ جَهْدَ أَيْمَـٰنِهِمْ لَئِن جَآءَتْهُمْ ءَايَةٌ لَّيُؤْمِنُنَّ بِهَا ۚ قُلْ إِنَّمَا ٱلْـَٔايَـٰتُ عِندَ ٱللَّهِ ۖ وَمَا يُشْعِرُكُمْ أَنَّهَآ إِذَا جَآءَتْ لَا يُؤْمِنُونَ ﴿١٠٩﴾
ISLOM.NET То он ҷо, ки тавонистанд, ба сахттарин қасамҳо ба Худо савганд ёд карданд, ки агар мӯъҷизае бар онҳо нозил шавад, ба он имон оварданд. Бигӯ: «Ҳамаи мӯъҷизаҳо назди Худост ва шумо аз куҷо медонед, ки агар мӯъҷизае нозил шавад, имон намеоваранд».
Now playing ·
وَنُقَلِّبُ أَفْـِٔدَتَهُمْ وَأَبْصَـٰرَهُمْ كَمَا لَمْ يُؤْمِنُوا۟ بِهِۦٓ أَوَّلَ مَرَّةٍ وَنَذَرُهُمْ فِى طُغْيَـٰنِهِمْ يَعْمَهُونَ ﴿١١٠﴾
ISLOM.NET Ва ҳамчунон, ки дар оғоз ба он имон наёварданд, ин бор низ дар дилҳову дидагонашонро гумроҳ мекунем ва ононро саргардон дар гумроҳиашон раҳо месозем.
Mishary Rashid Alafasy Murattal · Juz 7
Repeat ayah ×1
1.0×
Sleep
Your reading
Sign in to keep your place on every device, count your daily ayahs and follow a khatam plan.
Sign in
Friday reminder
Read Surah Al-Kahf every Friday. Sign in to get a reminder, or add it to your calendar.
110 ayahs 12 pages Fri, Nov 13