ISLOM.NETПарвардигори ту медонад, ки ту ва гурӯҳе аз онон, ки бо ту ҳастанд, наздик ба ду сеяки шабу нимшаб ва сеяки шабро ба намоз меистед. Ва Худост, ки андозаи шабу рӯзро муъайян мекунад. Ва медонад, ки шумо ҳаргиз ҳисоби онро натавонед дошт. Пас тавбаи шуморо қабул кард. Ва ҳар чӣ муяссар шавад, аз Қуръон бихонед. Медонад чӣ касоне аз шумо бемор хоҳанд шуд ва гурӯҳе дигар ба талаби рӯзии Худо ба сафар мераванд ва гурӯҳи дигар дар роҳи Худо ба ҷанг мераванд. Пас ҳар чӣ муяссар шавад, аз он бихонед. Намоз бигузореду закот бидиҳед ва ба Худо қарзи некӯ диҳед. Ва ҳар хайреро, ки барои худ пешопеш бифиристед, онро назди Худо хоҳед ёфт. Ва он мукофоти беҳтар аст ва музде бузургтар аст. Ва аз Худо бахшоиш бихоҳед, зеро Худо бахшояндаву меҳрубон аст!
المدثرAl-Muddaththir · The Cloaked One56 ayahs · Makki
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَـٰنِ ٱلرَّحِيمِ
1
Now playing ·
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلْمُدَّثِّرُ ﴿١﴾
ISLOM.NETЭй ҷома дар сар кашида,
2
Now playing ·
قُمْ فَأَنذِرْ ﴿٢﴾
ISLOM.NETбархезу бим деҳ!
3
Now playing ·
وَرَبَّكَ فَكَبِّرْ ﴿٣﴾
ISLOM.NETВа Парвардигоратро такбир гӯй!
4
Now playing ·
وَثِيَابَكَ فَطَهِّرْ ﴿٤﴾
ISLOM.NETВа ҷомаатро покиза дор!
5
Now playing ·
وَٱلرُّجْزَ فَٱهْجُرْ ﴿٥﴾
ISLOM.NETВа аз палидӣ дурӣ ҷӯй!
6
Now playing ·
وَلَا تَمْنُن تَسْتَكْثِرُ ﴿٦﴾
ISLOM.NETВа чизе мадеҳ ки беш аз он умед дошта бошӣ.
7
Now playing ·
وَلِرَبِّكَ فَٱصْبِرْ ﴿٧﴾
ISLOM.NETБарои Парвардигорат сабркунанда бош!
8
Now playing ·
فَإِذَا نُقِرَ فِى ٱلنَّاقُورِ﴿٨﴾
ISLOM.NETВа он гоҳ ки дар сур дамида шавад,
9
Now playing ·
فَذَٰلِكَ يَوْمَئِذٍ يَوْمٌ عَسِيرٌ ﴿٩﴾
ISLOM.NETон рӯз рӯзе сахт хоҳад буд,
10
Now playing ·
عَلَى ٱلْكَـٰفِرِينَ غَيْرُ يَسِيرٍ ﴿١٠﴾
ISLOM.NETВа барои кофирон душвор.
11
Now playing ·
ذَرْنِى وَمَنْ خَلَقْتُ وَحِيدًا ﴿١١﴾
ISLOM.NETМаро бо он ки танҳояш офаридаам, вогузор.