ISLOM.NETАлбатта бар умматҳое, ки пеш аз ту буданд, паёмбароне фиристодем ва ононро ба сахтиҳову офатҳо дучор кардем, то магар зорӣ кунанд!
Read, listen and understand
The Uthmani text with translation, study notes and ayah-by-ayah recitation – your place is remembered on every device.
Juz 7
ISLOM.NETПас чаро ҳангоме, ки азоби мо ба онҳо расид, зорӣ накарданд? Зеро дилҳояшонро қасоват (сахтӣ) фаро гирифта ва шайтон амалҳояшонро дар назарашон ороста буд.
ISLOM.NETЧун ҳамаи пандҳоеро, ки ба онҳо дода шуда буд, фаромӯш карданд, ҳамаи дарҳоро ба рӯяшон кушодем, то аз он чӣ ёфта буданд, шодмон гаштанд, пас ба ногоҳ фурӯ гирифтемашон ва ҳамагон ноумед гардидаид.
ISLOM.NETПас шукр Парварднгори ҷаҳониёнро, ки решаи ситамкорон барканда шуд!
ISLOM.NETБигӯ: «Оё медонед, ки агар Оллоҳ гӯшу чашмони шуморо бозситонад ва бар дилҳоятон мӯҳр ниҳад, чӣ худое ғайри Оллоҳ онҳоро ба шумо бозмегардонад? Бингар, ки оёти Худоро чӣ гуна ба шеваҳои гуногун баён мекунем. Боз ҳам рӯй барметобанд».
ISLOM.NETБигӯ; «Хабар диҳед, агар азоби Худо ба ногоҳ ё ошкоро бар шумо фурӯд ояд, оё ғайри ситамкорон ҳалок мешаванд?»
ISLOM.NETМо паёмбаронро ҷуз барои мужда додан ё бим кардан намефиристем. Пас ҳар кас, ки имон овард ва кори шоистае кард, бимнок ва ғамгин намешавад!
ISLOM.NETВа ба касоне, ки оёти моро дурӯғ гуфтанд, ба ҷазои нофармонияшон азоб хоҳад расид!
ISLOM.NETБигӯ; «Ба шумо намегӯям, ки хазинаҳои Худо назди ман аст. Ва илми ғайб ҳам намедонам. Ва намегӯям, ки фариштае ҳастам. Танҳо ба чизе пайравӣ мекунам, ки бар ман ваҳй шудааст». Бигӯ: «Оё нобинову бино яксонанд? Чаро намеандешед?»
ISLOM.NETОгоҳ соз ба ин китоб касонеро, ки аз гирд омадан бар остони Парвардигорашон ҳаросноканд, ки онҳоро ғайри Ӯ ҳеҷ ёвареву шафеъе нест. Бошад, ки парҳезгорӣ кунанд.
ISLOM.NETКасонеро, ки ҳар бомдод ва шабонгоҳ Парвардигори хешро мехонанд ва хостори хушнудии Ӯ ҳастанд, аз назди худ дур макун. На чизе аз ҳисоби онҳо бар ӯҳдаи туст ва на чизе аз ҳисоби ту бар ӯҳдаи онҳо. Агар онҳоро дур кунӣ, дар гурӯҳи ситамкорон дароӣ.
ISLOM.NETҲамчунин баъзеро ба баъзе озмудем, то бигӯянд: «Оё аз миёни мо инҳо буданд, кн Худо ба онҳо неъмат дод?» Оё Худо ба шукргузорон донотар нест?
ISLOM.NETЧун имоновардагон ба оёти Мо назди ту омаданд, бигӯ: «Салом бар шумо! Худо бар хеш муқаррар карда, ки шуморо раҳмат кунад. Зеро ҳар кас аз шумо, ки аз рӯи нодонӣ коре бад кунад, он гоҳ тавба кунад ва некӯтар шавад, бидонад, ки Худо бахшандаву меҳрубон аст».
ISLOM.NETВа ин чунин оётро батафсил баён мекунем, то роҳу расми гунаҳгорон ошкор гардад!
ISLOM.NETБигӯ: «Маро манъ кардаакд, ки он худоёнро, ки ғайри Оллоҳ мехонед, парастиш кунам». Бигӯ; «Ба ҳавасҳои шумо пайравӣ намекунам, то мабодо гумроҳ шавам ва аз ҳидоятёфтагон набошам».
ISLOM.NETБигӯ: «Ман аз Парвардигорам далеле равшан дорам ва шумо он далелро дурӯғ мехонед. Он кӣ ба ин шитоб металабед, ба дасти ман нест. Ҳукм танҳо ҳукми Худост. Хақиқатро баён мекунад ва Ӯ беҳтарини доварон (ҳукмкунандагон) аст».
ISLOM.NETБигӯ: «Агар он чиро, ки бад-ин шитоб металабед, ба дасти ман буд, миёни ману шумо кор ба поён мерасид, зеро Худо ба ситамкорон донотар аст».
ISLOM.NETКалидҳои ғайб назди Ӯст. Ғайри Ӯ касеро аз ғайб огоҳӣ кест. Ҳар чиро, ки дар хушкиву дарёст, медонад. Ҳеҷ барге аз дарахте намеафтад, магар он ки аз он огоҳ аст, Ва ҳеҷ донае дар торикиҳои замин ва ҳеҷ тареву хушке нест, ҷуз он ки дар китоби мубин Лавҳул маҳфуз омада аст.
ISLOM.NETВа Ӯст, ки шуморо шабҳангом мемиронад ва ҳар чӣ дар рӯз кардаед, медонад, он гоҳ бомдодон шуморо зинда месозад, то он ҳангом, ки муддати муайяни умратон ба поён расад. Сипас бозгаштатон ба назди Ӯст ва шуморо аз он чӣ кардаед, огоҳ мекунад.
ISLOM.NETӮст ғолиб дар болои бандагонаш. Нигаҳбононе бар шумо мефиристад, то чун яке аз шуморо марг фаро расад, фиристодагони Мо бе ҳеҷ кӯтоҳиву гузаште ҷони ӯ бигиранд.
ISLOM.NETСипас ба назди Худо — мавлои ҳақиқии хеш бозгардонида шаванд. Бидон, ки ҳукм ҳукми Ӯст ва Ӯ босуръаттаринн ҳисобгарон аст.
ISLOM.NETБигӯ: «Чӣ касе шуморо аз ваҳшатҳои хушкиву даре мерахонад? Ӯро ба зорӣ ва дар ниҳон мехонед, ки агар аз ин маҳлака моро бираҳонад, мо низ аз шукргузорон хоҳем буд».
ISLOM.NETБигӯ: «Худост, ки шуморо аз он маҳлака ва аз ҳар андӯҳе мераҳонад, боз ҳам ба Ӯ ширк меоваред».
ISLOM.NETБигӯ; «Ӯ қодир ба он аст, ки аз болои саратон ё аз зери поҳоятон азобе бар шумо бифиристад ё шуморо гурӯҳ-гурӯҳ ба ҳам биомезад ва хашму қини гурӯҳеро ба гурӯҳи дигар бичашонад». Бингар, ки оётро чӣ гуна гуногун баён мекунем. Бошад ки ба фаҳм дарёбанд!
ISLOM.NETҚавми ту Қуръонро дурӯғ мешумурданд, дар ҳоле ки суханест барҳақ. Бигӯ: «Ман корсози шумо нестам».
ISLOM.NETБа зудӣ хоҳед донист, ки барои ҳар хабаре замоне муайян аст?
ISLOM.NETВа чун бубинӣ, ки дар оёти Мо аз рӯи масхара гуфтугӯ мекунанд, аз онҳо рӯйгардон шав, то ба сухане ғайри он сар кунанд. Ва агар шайтон туро ба фаромӯшӣ афканад, чун ба ёдат омад, бо он мардуми ситамкора манишин.
ISLOM.NETКасоне, ки парҳезгорӣ пеша кардаанд, ба гуноҳи кофирон бозхост нахоҳанд шуд, вале бояд ононро панд диҳанд. Шояд, ки парҳезгор шаванд!
ISLOM.NETВа тарк кун он касонеро, ки дини худ бозичаву лаҳв гирифтаанд ва зиндагонии дунё фиребашон дод. Ва ба Қуръон пандашон деҳ мабодо бар ҷазои амалҳои хеш гирифтор ояид. Ғайри Худо додрасу шафеъе надоранд. Ва агар барои раҳоии хеш ҳар гуна фидя диҳанд, пазируфта нахоҳад шуд. Инҳо ба уқубати аъмоли худ гирифтор ва ба ҷазои он ки кофир шудаанд, барояшон шаробе аз оби ҷӯшон ва азобе дардовар муҳайё шудааст.
ISLOM.NETБигӯ: «Оё ғайри Оллоҳ касеро бихонем, ки на моро нафъ медиҳад ва на зиён мерасонад? Ва оё пас аз он ки Худо моро ҳидоят кардааст, монанди он кас, ки шайтон гумроҳаш сохта ва ҳайрон бар рӯи замин раҳояш карда, аз дин бозгардем? Ӯро ёронест, ки ба ҳидоят нидояш медиҳанд, ки назди мо бозгард». Бигӯ: «Ҳидояте, ки аз сӯи Худо бошад, ҳидояти воқеъист. Ва ба мо фармон расида, ки дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслем шавем».
ISLOM.NETВа намоз бихонед ва аз Ӯ битарсед. Ӯст, он ки ҳамагон наздаш ҷамъ мешавед!
ISLOM.NETВа Ӯст, он ки осмонҳову заминро ба ҳақ биёфарид. Ва рӯзе, ки бигӯяд;. «Мавҷуд шав», пас мавҷуд мешавад. Гуфтори Ӯ хақ аст. Ва дар он рӯз, ки дар сур дамида шавад, фармонравоӣ аз они Ӯст. Донои ниҳону ошкор аст ва Ӯ ҳакиму огоҳ аст!
ISLOM.NETВа Иброҳим падараш Озарро гуфт: «Оё бутонро ба худоӣ мегирӣ? Ту ва қавматро ба ошкоро дар гумроҳӣ мебинам».
ISLOM.NETБа ин тарз ба Иброҳим корхонаи осмонҳову заминро нишон додем, то аз аҳли яқин гардад.
ISLOM.NETЧун шаб ӯро фаро гирифт, ситорае дид. Гуфт: «Ин аст Парвардигори ман!» Чун ғоиб шуд, гуфт; «Фӯрушавандагонро дӯст надорам».
ISLOM.NETОн гоҳ моҳро дид, ки тулӯъ мекунад. Гуфт: «Ин аст Парвардигори ман?» Чун ғоиб шуд, гуфт; «Агар Парвардигори ман маро роҳ нанамояд, аз гумроҳон хоҳам буд».
ISLOM.NETВа чун хуршедро дид, ки тулӯъ мекунад, гуфт: «Ин аст Парвардигори ман, ин бузургтар аст!» Ва чун ғоиб шуд, гуфт: «Эй қавми ман, ман аз он чӣ шарики Худояш медонед, безорам.
ISLOM.NETМан аз рӯи ихлос рӯй ба сӯи касе овардам, ки осмонҳову заминро офарида аст ва ман аз мушрикон нестам».
ISLOM.NETВа қавмаш бо ӯ ба баҳс бархостанд. Гуфт; «Оё дар бораи Оллоҳ бо ман баҳс мекунед ва ҳол он ки Ӯ маро ҳидоят кардааст? Ман аз он чизе, ки шарики Ӯ меҳисобед, наметарсам. Магар он ки Парвардигори ман чизеро бихоҳад. Илми Парвардигори ман ҳама чизро дар бар гирифтааст. Оё панд намегиред?
ISLOM.NETЧаро аз он чизе, ки шарики Худояш сохтаед, битарсам, дар ҳоле ки шумо чизҳоеро, ки ҳеҷ далеле дар бораи онҳо нозил накардааст, мепарастед ва биме ба дил роҳ намедиҳед? Агар медонед, бигӯед, ки кадом як аз ин ду гурӯҳ ба эминӣ сазовортаранд?»
Your reading
Sign in to keep your place on every device, count your daily ayahs and follow a khatam plan.
Sign inFriday reminder
Everything a reader needs
Tools that stay out of the way until you need them.
Quran text: Tanzil Quran Text (Uthmani), tanzil.net – CC BY 3.0, unchanged. Translation: Қуръон, ISLOM.NET – tanzil.net.